Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишасти рӯзи душанбеи Шӯрои Амнияти СММ кишварҳои ғарбӣ ва Русия натавонистанд бар сари Сурия ба тавофуқ бирасанд.

Як мақоми СММ низ гуфтааст, шумораи қурбониёни нооромиҳои Сурия аз 8 ҳазор нафар гузаштааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе пас аз дидор бо Сергей Лавров, ҳамтои русии худ ба хабарнигорон гуфт, акнун замони он фаро расидааст, ки Чин ва Русия барои поён додан ба хушунатҳо дар Сурия бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайванданд.

Русия ва Чин, ду узви доими Шӯрои Амнияти СММ то кунун монеи судури ду қатъномаи мавриди ҳимояти Ғарб дар маҳкумияти саркӯбии эътирозҳо дар Сурия шудаанд.

Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, Башор Асад бояд ба хушунатҳо дар Сурия поён диҳад.

Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров низ гуфтааст: “Паймони НАТО соли гузашта қарори Шӯрои Амният дар хусуси ҳифозат аз ғайринизомиён дар Либияро ба шиддат вайрон кард.» Бо ин ҳол оқои Лавров гуфтааст, ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки мақомоти Сурия дар баробари вазъияти кунунӣ дар ин кишвар масъуланд.

Вазири умури хориҷии Фаронса ҳам гуфтааст, «Ман аз Чин ва Русия мехоҳам пас аз моҳҳо мухолифат, садои аъроб (арабҳо) ва ҷаҳониёнро бишнаванд ва бо мо бипайванданд.» Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё низ баён доштааст: "Дар чашми аксарият, ба иттифоқи ҷаҳониён ин Шӯро то кунун дар иҷрои масъулияти худ нисбат ба мардуми Сурия шикаст хӯрдааст."

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҳилларӣ Клинтон ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ гуфтааст : "Мо эътиқод дорем акнун вақти он фаро расидааст то ҳама кишварҳо, ҳатто он гурӯҳ аз кишварҳое, ки ҳоло монеи натиҷа гирифтани талошҳо шудаанд, аз иқдомҳои инсондӯстона ва сиёсие, ки дар тарҳи Иттиҳодияи Араб матраҳ шудааст, ҳимоят кунанд.»

Вай ҳамчунин гуфтааст, «Ҷомеаи байнамилалӣ бояд бо як садо ва бидуни таъхир бигӯяд, куштори мардуми бегуноҳи Сурия бояд қатъ шавад ."

Вазири умури хориҷии Амрико изофа кардааст: «Мардуми Сурия сазовори он ҳастанд, ки монанди Тунис, Миср ва Либия ин фурсатро дошта бошанд, ки ояндаи худро бисозанд.»

Ҳамзамон бо ин изҳорот, Насир Абдулазиз Оли Носир, раиси қатарии Маҷмаи умумии СММ низ гуфтааст, аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия то кунун беш аз 8 ҳазор нафар дар саркӯбии эътирозҳо кушта шудаанд.

Вай гуфтааст, дар сурате, ки Шӯрои Амнияти СММ дар хусуси Сурия чораандешӣ накунад, Маҷмаи Умумии СММ омодагӣ дорад дар ин замина даст ба иқдом бизанад.
Насир Абдулазиз Оли Носир, ки дар парлумони аврупоӣ сӯҳбат мекард, гуфтааст: «Шароит дар Сурия ҳавлнок аст.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG