Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости лағви ҳамкорӣ бо "Рособоронэскпорт"


17 узви Сенати ИМА аз вазорати дифои кишвар хостанд, ки ҳамкорӣ бо ширкати давлатии русии «Рособоронэкспорт”-ро қатъ кунанд.

Дар як нома унвонии раҳбари Пентагон Леон Панетта онҳо дархости худро бо интиқоли силоҳи русӣ ба ҳукумати Сурия марбут кардаанд. Муаллифон навиштаанд, ки соли гузашта Маскав ба Димишқ ба маблағи тақрибан 1 миллиард доллар силоҳ фурӯхтааст, моҳи январ бошад ҷонибҳо дар мавриди аз сӯи мурия харидорӣ шудани 26 ҳавопаймои ҷангии тавлиди Русия ба созиш расиданд.

ИМА мехост, ки аз ширкати «Рособоронэкспорт” барои нерӯҳои амниятии Афғонистон беш аз 20 чархболи низомӣ харидорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG