Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон оқибат ба дарёфти 130 миллиард евро муваффақ шуд


Жан Клод Юнкер ва вазири молияи Юнон Эвангелос Вензелос
Жан Клод Юнкер ва вазири молияи Юнон Эвангелос Вензелос
Вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро ироаи бастаи нави кӯмаки моливӣ ба маблағи 130 миллиард евро ба Юнонро пазируфтанд. Раҳбари Гурӯҳи Аврупо, нахуствазири Люксембург Жан Клод Юнкер баъди хатми нишаст дар Брюссел гуфт, ки ин дуввумин шонс барои Юнон ба хотири берун шуданаш аз бӯҳрони феълии молиявист.

Қарор аст, ки рӯзи 15 март раҳбарони Сандуқи байнулмилалии пул ҳам дар мавриди ширкат дар ироаи кӯмаки нав ба Юнон тасмим бигиранд.

Вазирони молияи минтақаи евро ҳамчунин авзоъ дар Испанияро баррасӣ карданд, ки низ ба бӯҳрон мувоҷеҳ шудаааст. Қарор аст, ки то соли 2013 ин кишвар касри буҷаро то сатҳи на бештар аз се фойизи тавлиди нохолиси миллӣ поён барад.
XS
SM
MD
LG