Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Сурия хостори дахолати хориҷӣ шуданд


Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумати Башор Асад, аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ хост то нерӯҳои низомии худро вориди Сурия кунанд. Як намояндаи ин шӯро дар нишасти хабарӣ дар Истамбул гуфт, ки дахолати низомӣ барои дифоъ аз мардуми осоишта аз амалиёти артиш ва таъқибу фишораз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ зарур аст.

Мухолифин ҳамчунин ташкили ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои низомӣ ва долон барои ироаи ёриҳои башарӣ ба сокинони манотиқи гирифтори даргириҳоро талаб доранд.

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ баррасии авзоъ дар Сурияро шурӯъ кард. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз раисиҷумҳур Башор Асад хост, ки пешниҳодҳои фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб Кофӣ Аннан дар робита ба хатми хушунатро қабул кунад.
XS
SM
MD
LG