Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Миср ихроҷи сафири Исроилро талаб кард


Парлумони Миср, ки дар он бештари курсиҳоро аҳзоби исломӣ ишғол кардаанд, хостори ихроҷи сафири Исроил ва қатъи содироти газ ба ин кишвар шуд.

Вакилон гузориши кумитаи парлумонӣ оид ба кишварҳои арабиро пазируфтанд, ки дар он Исроил “душмани рақами як” унвон ва аз муборизаи мардуми Фаластин алайҳи Исроил пуштибонӣ шудааст.

Палатаи поёни парлумони Миср ниҳоди машваратист ва тасмимҳои он ҳукми қонунро надоранд. Бо вуҷуди ин коршиносон ба тағйири вазъи сиёсӣ дар Миср баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак дар як соли пеш ишора мекунанд.

Соли 1979 Миср миёни кишварҳои арабӣ нахустин шуда бо Исроил созиши сулҳ имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG