Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ғорати ҷавоҳирфурӯшӣ боиси марги 8 нафар шуд


Дар Бағдод, пойтахти Ироқ, ҳангоми ғорати як мағозаи ҷавоҳирфурӯшӣ 8 нафар кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, талоши ғорати мағоза дар шимоли пойтахт дар як маркази тиҷоратии сериздиҳом сурат гирифт. Бар асари тирандозӣ фурӯшандагон, кормандони полис ва раҳгузарҳо ба ҳалокат расиданд.

Дирӯз ҳамчунин дар шимоли Бағдод дар ду ҳамлаи ҷудогона панҷ корманди полис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG