Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон маросими ҷашни филми "Ҷудоӣ"-ро мамнӯъ эълон кард


Асғар Фарҳодӣ
Асғар Фарҳодӣ
Мақомоти расмии Эрон баргузории маросими пирӯзии филми Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии Оскарро мамнӯъ эълон кардаанд. Филми Фарҳодӣ бо номи “Ҷудоӣ” моҳи гузашта дар ин ҷашнвора барандаи ҷоизаи аввал дар бахши филмҳои хориҷӣ шуд. Дар ин хабар омадааст, баъзе аз камбудиҳои ҷомеаи Эрон, аз ҷумла нобаробарии ҳуқуқи зану мард дар ин филм муҳофизакоронро норҳат сохтааст. Дар рӯзҳое, ки ин филм пирӯз шуда буд, дар Теҳрон аз он истиқбол карданд ва онро пирӯзии Эрон бар Исроил донистанд, зеро як филми исроилӣ низ дар ин бахш дар мусобиқа ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG