Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Наҷотбахш"-и курраи Замин даргузашт


Франк Шервуд
Франк Шервуд

Френк Шервуд Роуланд, донишманди амрикое, ки собит кард, инсоният як “сипари ҳаётии” атмосфераи Заминро нобуд мекунад ва барои худ “чоҳ меканад”, дар синни 84- солагӣ даргузашт.

Френк Шервуд Роуланд, яке аз он олимоне буд, ки собит кардаанд, маҳз инсоният бо амалкардҳои худ қабати озон, сипари муҳофизатии Заминро тунук карда ва ҷони худро дар хатар мегузорад.

Френк Шервуд, ки бар асари бемории Паркинсон даргузашт, дар соли 1970 ҳамроҳ бо ду донишманди дигар ошкор карданд, таркибҳои химиявӣ аз газҳои карбону хлор, флуорин ва гидроген, ки барои сард кардани асбоби рӯзғор, аз ҷумла яхдонҳо истифода мешаванд, қабати озони атмосфераи Заминро вайрон мекунад.

Қабатеро, ки инсон ва олами набототу ҳайвоноти курраи Заминро аз нурҳои кушандаи ултрабунафши Офтоб эмин нигаҳ медоранд. Френк Шервуд ва ҳамкоронаш пешбинӣ карданд, ки дар сурати идомаи истифодаи чунин таркибҳои химиявӣ, ки онро “фреон” ҳам меноманд, курраи Замин аз сипари ҳаётиаш, яъне қабати озон маҳрум мешавад.

Вале ширкатҳои тавлидкунандагони ингуна моддаҳои химиявӣ, аз тарси аз даст додани миллиардҳо доллар пажӯҳиши Френк Шервудро, беасос номида ва яке аз онҳо гуфта буд, Френк Шервуд, шояд ҷосуси КГБ аст, ки мехоҳад чунин иғворо паҳн кунад.

Аммо баъдан, дурустии таҳқиқоти Френ Шервудро дигар олимон собит карданд ва дарёфтанд, ки қабати озон дар фазои Қутби Шимол сӯрох шудааст. Соли 1980 бар асоси Аҳдномаи Байналмилалии Монтреал, кишварҳои ҷаҳон аҳд доданд, ки аз истифодаи фреон даст мекашанд.

Донишгоҳи Калифорния, ки Френк Шервуд онҷо кор мекард, дар баёнияе гуфт, ин донишманд “ҷаҳонро аз фалокати азиме наҷот дод.”

Френк Шервуд нақши бузурге дар таҳқиқи таъсири амалкарди инсонҳо ба гармоиши курраи Замин низ дорад ва барои пажӯҳишҳояш ҷоизаҳои зиёдеро соҳиб шудааст ва Ҷоизаи Нобел дар бахши химияро соли 1995 барои пажӯҳиш дар бораи қабати озон аз они худ кард.
XS
SM
MD
LG