Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон табибу шифохона ба қадри кофӣ мавҷуд аст ва ҳамчунон дар ин кишвар ҳифзи тандурустӣ ба ваҷҳи умум маҷонӣ аз ҷайби давлат сармоягузорӣ мешавад.

Вале баъзе беморон табобати мардумиро ихтиёр намуда, интизор доранд, ки аз ҳисоби истеъмоли давоҳои мардумӣ шифо меёбанд.

Баъзан дар Тоҷикистон гӯшти гург ҳамчун давои безурётӣ ва гӯшти ҷайра чун давои бемории сил ва ё туберкулёз истеъмол мешавад.

Назирҷон Назиров, ном сокини вилояти Хатлон, шаш моҳ инҷониб дар яке аз шифохонаҳои ин устон аз сил табобат мегирад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ дар ҷараёни табобати ним сола ҳеҷ беҳбуде эҳсос накарда, аз хешовандонаш хостааст ба ӯ гӯшти ҷайра оранд: “Вақте инсон бемор аст, ӯ ба ҳар машварате, ки имкон дорад ба ӯ шифо орад, гӯш медиҳаду дар пайи иҷрои он мешавад. Як табиб ба ман гуфт, ки гӯшти ҷайра маро муолиҷа хоҳад кард. Ман аз як шикорчӣ хостаам, ки бароям гӯшти ҷайра дарёфт намояд.”

Аммо Раҳматулло Ҷӯраев-раҳбари маркази муолиҷаи бемории сил дар минтақаи Кӯлоб, ба ин хел машваратҳо бовар надорад. Ӯ мегӯяд, давое, ки бо як истеъмол силро аз байн барад, то кунун ихтироъ нашудааст ва беморон бояд на бо истеъмоли гӯшти ҷайра, ки ҳеҷ нафъе ба бемор намерасонад, балки бо муолиҷаи давомдори расман эътирофшуда машғул бошанд.

Ҳусейн Раҳмонов, муовини раиси Маркази миллии муолиҷаи бемориҳои қалб воқеъ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ниёзмандон асосан ба хотири муолиҷаи афсурдагӣ ё худ депрессия, бехобӣ, безурётӣ ва дарди доимӣ барин бемориҳо ба кӯмаки табибони мардумӣ рӯ меоранд.

Раҳмонов бо таассуф меафзояд, ки аксари ин бемориҳо муолиҷашаванда ҳастанду агар беморон сари вақт ба табибони расмӣ муроҷиат кунанд, онҳо шифо хоҳанд ёфт.
Баъзан беморони тоҷик бо орзуи шифо ва ё таваллуди фарзанд гӯшти ҷайра ва гург истеъмол мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар ҷануби Тоҷикистон як кило гӯшти ҷайра ба 40 сомонӣ баробар шудааст.

Ахиран табибони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аъзои як оиларо, ки баъди истеъмоли гӯшти гург заҳролуд шуда буданд, муолиҷа карданд. Яке аз хешовандони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, зану шавҳар орзуи фарзанд доранду гӯшти гургрро ҳамчун давои безурётӣ истеъмол карда буданд.

Аслан дар Тоҷикистон табобат бепул аст. Вале коршиносони тоҷик бо ишора ба фасод ва ришваситонӣ мегӯянд, ки табобати бепул ин як афсонаест, ки ба он касе бовар надорад.

Давлатмуров Ҷумъаев, таҳлилгари умури иҷтимоӣ аз шаҳри Душанбе мегӯяд: “Табобати муллоҳо аз муолиҷаи пизишкон арзонтар аст. Пизишкон ҳатто барои навиштани расепти даво пул мегиранд. Даво хеле гарон асту бисёриҳо имкони харидории онро надоранд.”

Ҳамчунон ин таҳлилгари тоҷик ёдовар шудааст, ки таъмини обу барқ дар шифохонаҳои манотиқи дурдаст муназзам нест ва таҷҳизоти онҳо низ дар ҳолатҳои зиёд фарсуда шудааст. Ба қавли ин шореҳ, аз ин ҷост, ки бемороне ба мисли Назирҷон Назиров боварӣ ба табибони расмиро аз даст дода, бо умеди шифо гӯшти ҷайра фармоиш додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG