Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

10 нафар афвшуда дубора ба зиндон баргаштанд


Ожонси назорати молӣ ва мубориза бар зидди фасод дар Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, 10 нафаре, ки бо ҳуҷҷутҳои сохта мавриди афв қарор гирифтаанд, дубора ба зиндон баргардонида шудаанд. Ин ожонс гуфтаст, дар бораи раҳоии ғайриқонунии баъзеҳо дар ҷараёни афв шикоятҳои зиёд расидааст ва барои расидагӣ ба мавридҳои раҳоии ғайриқонунӣ кумиссиюни вижа ташкил шудааст. То ҳол даҳ мавриди раҳоии ғайриқонунӣ исбот шудааст. Бино ба ақидаи коршиносон, ин ашхос дар бораи гӯё “гирифторӣ ба беморӣ” хулосаҳои тиббӣ дарёфт мекунанд ва дар ивази ришва аз зиндон раҳо мешаванд.
XS
SM
MD
LG