Пайвандҳои дастрасӣ

Расидагӣ ба куштори боздоштшуда дар Тотористон


Мақомоти Тотористон мегӯянд, ки ба қазияи куштори Сергей Назарови 52 сола дар зиндони пулис расидагӣ шурӯъ шудааст. Иддао мешавад, ки вай дар натиҷаи шиканҷа дар зиндони Қазон ҷон додааст. Сергей Назаров 9 март барои авбошӣ боздошт шуда буд. Баъд аз боздошт вайро аз зиндони пулис ба шифохона интиқол додаанд ва вай дар он ҷо даргузаштааст. Назаров қабл аз даргузашт ба табибон гуфтааст, ки чаҳор корманди пулис бераҳмона вайро шиканҷа додаанд. Асгат Сафаров-вазири корҳои дохилаи Тотористон қавл додааст, ки дар сурати исботи ин иддао чаҳор корманди пулис ба таври ҷиддӣ муҷозот хоҳанд шуд. Вазир дар робита бо ин ҳодиса 13 афсари пулисро муваққатан то ба исбот расидани ҳодиса аз мақом барканор кардааст.
XS
SM
MD
LG