Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон гуфт, ба размоишҳои Тоҷикистон намеояд


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, низомиёни Узбакистон дар размоиши "Чоруқдарон" иштирок нахоҳанд кард.

Ҷузъу томҳои Вазорати дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (Шанхай) дар ҳоле нерӯҳояшонро бар зидди гурӯҳҳои террористӣ дар доираи як машқи низомӣ омода мекунанд, ки Узбакистон -- узви ин созмон аз ширкат дар ин размоиш худдорӣ кардааст.

Ин машқи низомӣ дар размоишгоҳи "Чоруқдарон"-и вилояти Суғд дар аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, дар нишасти қабл аз баргузории машқи низомӣ дар Хуҷанд намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Вале, ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорати дифои Узбакистон иштироки худро дар ин машқи низомӣ мавқуф гузоштаанд.

Фаридун Маҳмадалиев

Фаридун Маҳмадалиев

Ба қавли Маҳмадалиев, сарфи назар аз он ки Узбакистон узви СҲШ ва ҳам созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст, аммо аз иштирок дар машқҳои низомии кишварҳои узви ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон худдорӣ мекунад. “Масъалаи ширкати намояндаҳои Узбакистон дар ин размоиш аз тарафи давлати Узбакистон мавқуф гузошта шудааст. Худи ин кишвар медонад, барои чӣ ширкат нахоҳад кард. Дар нишасти баррасии нақшаи машқи низомӣ дар Хуҷанд намояндагони Узбакистон набуданд",-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи генерал Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ ва амният дар Маҷлиси Намояндагон, Узбакистон мисли кишварҳои дигари водии Фарғона ба машкили амниятӣ ва таҳдиди терроризм рӯ ба рӯ мебошад. Вай илова кард, ки "агар Узбакистон дар ин размоиш ширкат мекард, беҳтар буд. Зеро вақте хонаи ҳамсоя бисӯзад, хонаи Шумо ҳам оташ мегирад. Аз ин рӯ, барои кишварҳои минтақа зарур аст, ки муштарак бар зидди зуҳуроти харобкор мубориза баранд."



Ба назари Азимов, дар водии Фарғона сурат гирифтани ин машқи низомӣ махсусан барои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон муҳим аст. "Вақте яке аз ин кишварҳо дар ин машқҳои омодагирӣ ширкат намекунад, дар ҳолати зарурӣ ва муборизаи амалӣ бо террорист ва тундгароҳо масъала пайдо хоҳад шуд",-таъкид кард ӯ.

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Аммо ба қавли коршиноси масоили амниятӣ Комёб Ҷалилов то кунун дар ҳеҷ ҳодисаи мубориза бо террористҳо дар кишварҳои минтақа, давлатҳои узви СҲШ муштарак вориди корзор нашудаанд: "Ҳоло ин кишварҳо дар кадом амалиёт якҷоя ширкат накардаанд, ки мо тавонем дар бораи тавонмандии кишварҳои узви ин созмон сӯҳбат кунем. Ҳам ҳодисаҳои Қирғизистон ва ҳам ҳодисаҳои Тоикистон нишон дода буд, ки онҳо дар танҳоӣ вориди мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ шуданд."

Нахустин размоиши кишварҳои узви СҲШ дар моҳи августи соли 2003-юм дар Қазоқистон сурат гирифт, ки дар он низ нерӯҳои Узбакистон ҳузур надоштанд. Марҳилаи дуввуми машқҳои низомӣ дар Чин баргузор карда шуд. Соли гузашта чунин машқҳои мушатарк дар Русия созмон дода шуда буд ва акнун дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG