Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ғайримунтазираи Меркел ба Афғонистон


Нахуствазири Олмон дар як сафари аз қабл эълоннашуда, имрӯз душанбеи 12-уми март вориди Афғонистон шуд.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон қасд дорад дар ин сафар бо нерӯҳои олмонии мустақар дар Мазори Шариф дидан кунад.

Қарор буд хонум Меркел аз нерӯҳои олмонии мустақар дар вилояти Қундуз воқеъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳам дидан кунад, вале ба сабаби бориши зиёди барф, аз сафар ба ин минтақа худдорӣ кардааст.

Нахуствазири Олмон охирин бор дар соли 2010 аз Афғонистон боздид карда буд.

Олмон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 4800 сарбоз дар Афғонистон дорад ва қасд дорад теъдоде аз онҳоро то соли 2013 аз ин кишвар хориҷ кунад.
XS
SM
MD
LG