Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2014: натоиҷи қуръакашии даври чаҳорум


Дар қароргоҳи AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи "А" дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Қатар ва Лубнон, ба гурӯҳи "В" тимҳои миллии Австралия, Ҷопон, Ироқ, Урдун ва Умон дохил шуданд.

Бозиҳои даври чаҳоруми сабқати интихобӣ аз 3-ми июни соли 2012 то 18-уми июни соли 2013 барпо мегарданд. Ғолибони гурӯҳҳо ва соҳибони ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразил роҳхат мегиранд.

Дастаҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, ба даври панҷум роҳ меёбанд. Ғолиб барои дарёфти роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи панҷуми КОНМЕБОЛ рӯзҳои 6-ум ва 10-уми сентябри соли 2013 ду бозии интихобии байниминтақавӣ анҷом медиҳад.

Тақвими бозиҳо

Гурӯҳи "А"

КОРЕЯИ ҶАНУБӢ, ЭРОН, УЗБАКИСТОН, ҚАТАР, ЛУБНОН

Даври 1-ум, 3 июни 2012. Узбакистон – Эрон, Лубнон – Қатар.

Даври 2-юм, 8 июни 2012. Қатар – Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон – Узбакистон.

Даври 3-юм, 12 июни 2012. Кореяи Ҷанубӣ – Лубнон, Эрон – Қатар.

Даври 4-ум, 11 сентябри 2012. Лубнон – Эрон, Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ.

Даври 5-ум, 16 октябри 2012. Қатар – Узбакистон, Эрон – Кореяи Ҷанубӣ.

Даври 6-ум, 14 ноябри 2012. Эрон – Узбакистон, Қатар – Лубнон.

Даври 7-ум, 26 марти 2013. Кореяи Ҷанубӣ – Қатар, Узбакистон – Лубнон.

Даври 8-ум, 4 июни 2013. Лубнон – Кореяи Ҷанубӣ, Қатар – Эрон.

Даври 9-ум, 11 июни 2013. Эрон – Лубнон, Кореяи Ҷанубӣ – Узбакистон.

Даври 10-ум, 18 июни 2013. Узбакистон – Қатар, Кореяи Ҷанубӣ - Эрон.

Гурӯҳи "В"

АВСТРАЛИЯ, ҶОПОН, ИРОҚ, УРДУН, УМОН

Даври 1-ум, 3 июни 2012. Урдун – Ироқ, Ҷопон – Умон.

Даври 2-юм, 8 июни 2012. Умон – Австралия, Ҷопон – Урдун.

Даври 3-юм, 12 июни 2012. Австралия – Ҷопон, Ироқ – Умон.

Даври 4-ум, 11 сентябри 2012. Ҷопон – Ироқ, Урдун – Австралия.

Даври 5-ум, 16 октябри 2012. Умон – Урдун, Ироқ – Австралия.

Даври 6-ум, 14 ноябри 2012. Ироқ – Урдун, Умон – Ҷопон.

Даври 7-ум, 26 марти 2013. Австралия – Умон, Урдун – Ҷопон.

Даври 8-ум, 4 июни 2013. Ҷопон – Австралия, Умон – Ироқ.

Даври 9-ум, 11 июни 2013. Ироқ – Ҷопон, Австралия – Урдун.

Даври 10-ум, 18 июни 2013. Ҷопон – Умон, Австралия – Ироқ.
XS
SM
MD
LG