Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Суғд машқҳои низомии СНГ баргузор мешавад


Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шимоли Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии зиддитеррористӣ баргузор мешавад. Намояндагони ситодҳои артиши кишварҳои муштаракулманофеъ масъалаҳои машқҳои низомиро дар вилояти Суғд баррасӣ кардаанд. Бино ба хабари вазорати дифои Тоҷикистон, ин машқҳо дар се марҳила баргузор мешавад. Дар он гурӯҳҳои оперативии Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Чин ва Русия ширкат мекунанд. Ин машқҳо зери номи «Мирная миссия-2012» баргузор хоҳанд шуд. Узбакистон изҳор доштааст, ки дар ин машқҳо ширкат нахоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG