Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамдардии Дабири Кулли НАТО ба хонаводаҳои афғон


Андерс Фог Расмуссен

Андерс Фог Расмуссен

Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО низ ба ҷумлаи ононе пайваст, ки аз куштори 16 афғон дар деҳае дар Афғонистон изҳори таассуф кардаанд. Дар як тирандозии ғазаболуд сарбози амрикоӣ 16 нафарро ҳадафи тир қарор дод, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Дар як изҳороти хаттӣ раҳбари НАТО ба хонаводаҳои қурбониён изҳори таслият кардааст ва хостори анҷоми расидагӣ ба ин ҳодиса шудааст. Вай гуфтааст, НАТО ҳамчунон барои “бунёди Афғонистони орому қаввӣ” бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард. Аз сӯи дигар Толибон эълон кардаанд, ки барои ин куштор қасди худро хоҳанд гирифт. Ин куштор рӯзи якшанбе дар вилояти Қандаҳор рух дод.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон телефонӣ дар ин бора гуфтугӯ кард ва қавл дод, ки масъулони ин тирандозӣ ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид.
XS
SM
MD
LG