Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ Сурияро дар СММ баррасӣ мекунанд


Интизор меравад, ки дар Нию Йорк дар СММ вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои нируманд дар музокироте ихтилофоти назари худро роҷеъ ба роҳҳои рафъи бӯҳрони Сурия баррасӣ кунанд. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Кишварҳои Араб Димишқро тарк кардааст ва дар он ҷо бо ҳукумати Сурия дар бораи отшабас тавофуқ ба даст наомадааст. Ин оташбас бояд заминаи қатъи амалиёти низомӣ бар зидди шӯришиёнро фароҳам месохт. Вазирони хориҷаи Русияву Амрико, Фаронсаву Британия ва Олмон дар Нию Йорк масоили як соли Баҳори Арабро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон-вазирони хориҷаи Русияву Амрико мулоқоти алоҳида анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG