Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хайр”-у “Регар” -- муддаиёни Ҷоми Федератсияи футбол


Дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳ ёфтанд.

Рӯзи 11-уми март дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе дар даври ниманиҳоӣ нахуст дастаҳои “Хайр” ва ССКА “Помир” рӯбарӯ шуданд. Замони асосӣ бидуни гол хотима ёфт. Дастаи "Хайр"аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими "Регар-ТадАЗ" дастаи "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 13-уми март дастаҳои "Хайр" ва "Регар-ТадАЗ" рақобат хоҳанд кард.

Пеш аз ин бозӣ тимҳои ССКА "Помир" ва "Равшан" барои ҷои севум мубориза мебаранд. Маблағи ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Натоиҷи бозиҳо:

Даври 1-ум
5-уми март (душанбе)


«Равшан» - «Шодмон» - 3:0
ССКА «Помир» - «Вахш» - 0:0
«Гвардия» - «Хайр» - 4:3
6-уми март (сешанбе)
«Қайроққум» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Даври 2-юм
7-уми март (чоршанбе)


«Хайр» - «Равшан» - 1:0
«Шодмон» - «Гвардия» - 2:1
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 4:2
«Вахш» - «Қайроққум» - 3:1

Даври 3-юм
9-уми март (ҷумъа)


«Гвардия» - «Равшан» - 1:3
«Хайр» - «Шодмон» - 4:1
«Қайроққум» - ССКА «Помир» - 1:3
«Регар-ТадАЗ» - «Вахш» - 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал:

Гурӯҳи "А"

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Хайр”

3

2

0

1

8--12

6

2.

Равшан”

3

2

0

1

6--2

6

3.

“Шодмон”

3

1

0

2

3--8

3

4.

“Гвардия”

3

1

0

2

6--8

3


Гурӯҳи "B"



Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

“Регар-ТадАЗ”

3

3

0

0

9--2

9

2.

ССКА “Помир”

3

1

1

1

5--5

4

3.

“Вахш”

3

1

1

1

3—3

4

4.

“Қайроққум”

3

0

0

3

2--9

0


11-уми март (якшанбе)
Даври ниманиҳоӣ


“Хайр” - ССКА “Помир” - 0:0 ( аз рӯи пенолти 6:5)
“Регар-ТадАЗ”- “Равшан” - 4:0

13-уми март (сешанбе)
Варзишгоҳи “Автомобилист”


10.00. Бозӣ барои ҷойи 3-юм - ССКА “Помир” - “Равшан”
12.30. Бозии ниҳоӣ - “Хайр” - “Регар-ТадАЗ

XS
SM
MD
LG