Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Бозгашти "писари мулло" пас аз 58 соли фирор


Бобои Муҳаммадазизи 104-сола.
Бобои Муҳаммадазизи 104-сола.

Пас аз 58 соли фирор ба Афғонистон як сокини ноҳияи Фархор дубора ба зодгоҳаш баргаштааст.

Ягона духтари 12-солааш ҳоло 70 сол дорад ва ҳамсараш кайҳо фавтидааст.

Дар чанд соли пеш ӯ ҳамчун меҳмон ба дидорбинии наздиконаш омада буд, вале бо кӯмаки онҳо ҳоло шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кардааст ва нафақа ҳам мегирад.

Муҳаммадазиз, ки ҳангоми фирор ба Афғонистон 37 сол дошт, ҳоло 104-сола аст. Ӯ дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор ҳамчун котиби колхоз фаъолият мекардааст, аммо зери фишору таҳдидҳои масъулони маҳаллии вақт маҷбур ба фирор мешавад.

Ӯ дар сӯҳбат ба мо чунин нақл кард: "Падарам мулло буд, дар мадрасаҳои Бухоро савод гирифта буд. Бисёр ғам доданд ва аввали солҳои 30-юм бадарғааш карда, ҳукми қатл доданд. Дигар мо зиндаву мурдаи падарро надидем. Ба мо ҳам ҳамчун фарзанди мулло фишор меоварданд. Дар колхоз хуб кор мекардам, аммо бо айбҳои бофтае мехостанд, маро ҳабс кунанд. Раиси ҷамоат як рӯз дар бинои суд гуфт, ки туро ё суд мекунем ё ба фронт равон карда, аз ту халос мешавем. Мегуфт, ки падари ту хиёнаткор буд, ту ҳам хиёнаткор мешавӣ. Тоқат накардам ва тобистони соли 1943 дарёи Панҷро гузаштам..."

Муҳаммадазизро дар маркази вилояти Бағлони Афғонистон ҳамчун паноҳанда аз низоми Шӯравии вақт қабул мекунанд. "Дар ин ҷо 300 нафар дар зери фармонам кор мекард, он ҷо мардикор шудам. Дар аввал назорат мекарданд, ки ҷосуси русҳо набошам. Мисле, ки Бағлон Тоҷикистон буд. Ҳамаи мардумаш тоҷик буд. Узбаку ҳазораҳо буданд, аммо тоҷикӣ гап мезаданд. 15 сол дар Тоҷикистон на аз ман хабар доштанд ва на ман аз онҳо",-ба ёд меорад ӯ.

Муҳаммадаъзам, бародари Муҳаммадазизи муҳоҷир
Муҳаммадаъзам, бародари Муҳаммадазизи муҳоҷир
Муҳаммадаъзам, бародари Муҳаммадазиз мегӯяд, дар аввал барои фирори бародараш хонаводаи онҳоро мавриди пурсуҷӯ қарор дода, сипас ба ҳоли худашон гузоштаанд.

Ӯ мегӯяд, пас аз понздаҳ сол бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон мактуб кард ва зинда будани фарзанди падарашро фаҳмид. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иртиботи канда-канда доштанд, вале бо пош хӯрдани Шӯравӣ иртиботашон қавитар шуда, соли 2000-ум ӯ аз Афғонистон барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд. "Соли 2000-ум ба ин ҷо даъваташ кардем, лек боз баргашта рафт. Боз соли як бори дигар овардем ва гуфтем, ки ҳамин ҷо биист. Дар он ҷо зану фарзанд надошта бошӣ. Афғонистонро нағз мебинад, ҳоло ин ҷо нигоҳубин мекунем",-афзуд бародари Муҳаммадазиз.

Бозгашти Муҳаммадазиз, як фирорӣ аз низоми Шӯравӣ дубора ба ватан аз мавридҳои нодирест. Садҳо нафар, ки давоми солҳои 20 ва 30-юми асри гузашта тарки зодгоҳ карда буданд, дигар ба ватан барнагаштанд.

Холмад Сафаров, як таърихшиноси маҳаллӣ мегӯяд, "то омадани русҳо марз набуд ва мардуми ду соҳили дарёи Панҷ бо ҳам рафтуомади хуб доштанд. Сарҳад баста шуд ва ин ҷо як низоми дигар рӯи кор омад, аммо мардум, ки рафтуомади пинҳонӣ доштанд, медиданд, ки он ҷо озодтаранд ва ба ҳамин хотир аз Шӯравӣ фирор мекарданд. Садҳо нафар аз ноҳияҳои наздимарзӣ ба Афғонистон фирор карданд ва бисёриҳо то ба ҳол бо ҳам иртибот накарданд, зеро дар замони Шӯравӣ ин бисёр кори хатарнок буд."

Санадҳои бойгонӣ низ сокинони фирорӣ ба Афғонистонро хеле бештар аз оне нишон медиҳанд, ки то кунун мардум мепиндоштанд. Ҷумъахон Талбаков, мудири бойгонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин мардум то инқилоби Октябр бо ҳам риштаи зичи хешу таборӣ доштанд. Ба ҷуз ин, мегӯяд ӯ, ҳоло ҳуҷҷатҳо собит мекунанд, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта танҳо аз ноҳияи Шӯрообод 800 хонаводаи норозӣ аз сохти нав ба Афғонистон фирор кардаанд, ки онҳо то кунун ҳеҷ иртиботе бо наздикони худ дар Тоҷикистон надоранд.

Талбаков афзуд, "ҳоло лаб-лаби дарёи Панҷ аз тарафи Афғонистон ҳамаашон одамоне ҳастанд, ки аз ҳамин тараф рафта буданд. Онҳо пас аз чанд сол мехостанд, ки баргарданд, вале дигар натавонистанд."

Бархе аз фирориҳои замони Шӯравӣ бо пайвандони худ ҳоло иртибот барқарор кардаанд, аммо барои нахустин бор аст, ки як нафари онҳо барои ҳамешагӣ ба зодгоҳаш баргаштааст. Он ҳам Муҳаммадазизе, ки ба синни 104 расидааст.
XS
SM
MD
LG