Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Youtube-и тоҷикӣ: Аз рақси Раҳмон то даъват ба ҷиҳод


Дар Ютюби тоҷикӣ ҳарчӣ хоҳед меёбед. Вобаста ба он ки ба чӣ майл доред: мехоҳед бихандед, гиря кунед ё бидонед, ки дигарон дар ҳаққи тоҷикон бадгӯӣ мекунанд ё тавсиф.

Аз ҷумла, видеои тақрибан якдақиқаии рақси раисиҷумҳури Тоҷикистонро метавон ёфт, ки онро то кунун бештар аз 19 ҳазору 500 бор дидаанд. Видеои 3-дақиқаӣ аз ҷашни арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур, бештар аз 80 ҳазор бор дида шудааст.

Дар Ютюб ҳамчунин бадгӯиҳои Владимир Жириновский сиёсатмадори миллатгарои рус дар ҳаққи тоҷиконро мебинед, ки дар “масхарабозӣ” маҳорат дорад. Ба мисли Жириновский афроди тундраве аз Тоҷикистон низ ҳастанд, ки мардумро дар Ютюб ба ҷиҳод даъват мекунанд. Аз ҷумла, видеое ҳаст, ки дар он як ҷавони серришу мусаллаҳ зимни ваъзи 15-дақиқаӣ мехоҳад, хуни демократ ё коммунистҳое, ки намоз ҳам мехонанд, рехта шавад.

Тарснок ин аст, ки як нафар бо номи “Фидоӣ” дуо кардааст, “сафи чунин одамон зиёд шавад,” аммо нафаре дигар онро раҳгумзада ва тафриқаандоз хондааст. Наворҳои тарсноки дигаре дар Ютюби тоҷикӣ ҳаст, ки дидани онҳоро тавсия намедиҳем, ба мисли видеои садамаи як “Мерседес”-и гаронқимат дар роҳи Ёвон, ки дар он ҷасадҳои ҷавонони тоҷики мағзашон омехта бо хунро мебинед ва оҳу фиғонеро мешунавед, ки ба фалак мепечад. Ин гуна наворҳо зиёд нест ва аз ин рӯ бинандагони онҳо ҳам ба ҳадде ки дигар видеоҳои тоҷикӣ дар Ютюб доранд, зиёд нестанд.

АЗ "ҶИММӢ" ТО ШАБНАМ

"Ҷиммӣ"-и тоҷик"
"Ҷиммӣ"-и тоҷик"
Яке аз сербинандатарин видеоҳои ҳавзаи тоҷикии Ютюб, ҳунарнамоии "Ҷиммӣ"-и тоҷик, ё Боймурод Аллабердиев муҳоҷир дар Русия аст, ки аз 600 ҳазор бор бештар дида шудааст. Баъзеҳо ин муҳоҷири бечораи тоҷикистониро дашном додаанд ва аз ҷумла як нафар ба гуфтаи худаш бо дидани ин видео аз шарму ҳиҷолат аз арақ тар шудааст. Баъзеи дигар баръакс, барои истеъдодаш ба Боймурод аҳсан гуфтаанд.

Аммо "Ҷиммӣ"-и тоҷик бо чунин истеъдодаш ба Шабнами Сурайё нарасидааст, ки ду таронаи ӯ пурбинандатарин видеоҳои тоҷикӣ дар Ютюбанд ва як клипи ӯ бо номи “Биё, ки бирем боғ” тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор бо дида шудааст. Нигина Амонқулова, овозхони дигар ва зебои тоҷик низ ба тадриҷ аудиторияи форсизабони Ютюбро аз худ мекунад. Таронаи “Эй чархи фалак”, ки танҳо чаҳор моҳ пеш рӯи Ютюб рехт, бештар аз 50 ҳазор бор дида шудааст. Ҳама бо дидани ин видео ангушти хешро болои “лайк”, яъне мақбул пахш кардаанд ва як нафар эҳсоси худро чунин баён кардааст, “овозш ҷигарта об мекна зур хондай”

НИГИНА ТАНҲО АЗ ТОҶИКОН НЕСТ...

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова
Шарҳҳо бо хатти форсӣ ва забони англисӣ низ зери ин видео кам нест ва аз ҷумла як нафар, зоҳиран аз Эрон, навиштааст, “Нигина танҳо аз тоҷикону Тоҷикистон нест, балки мутааллиқи тамоми форсизабонони дунё аст, ки шефтаи мусиқиву ҳунари хуб ҳастанд.” Як нафар аз Афғонистон бо хатти форсӣ навиштааст, “бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.”

Либоси адраси Нигина ба як писари зоҳиран муҳофизакори тоҷик хуш омадааст, ки аз дигар духтарон хостааст, “нофашонро нишон надиҳанд ва мисли Нигина либос пӯшанд.”

ГӮШТӢ БО ХАР ВА ШӮХИҲОИ ЗИШТ

Ютюби тоҷикӣ бо тамоми зебоиву шириниаш, бо шумули саҳнаҳои Аловуддину Лаҳзаҳои Гуворо наворҳои зишти бисёр ҳам дорад, ки воқеан аз дидани онҳо ҳиҷолат мекашед. Клипҳои бемаззаву бемаънӣ, рақсҳову шӯхиҳои зишт ва олуда ба дашном, ба мисли гӯштӣ гирифтани як ҷавон бо хар ва мағлуб шудани хар ва тарҷумаҳои масхаромези баъзе аз филмҳои хориҷӣ ҳам кам нест, ки арзиши диданро надоранд. Зеро бо дидани онҳо дақиқаҳои бебаҳои зиндагии зудгузарро барбод медиҳед...
XS
SM
MD
LG