Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кӯҳистони ҷануби Яман бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дасти кам 18 ҷангҷӯи «Ал-Қоида» кушта шуданд.

Ба иттилои ҳайати фармондеҳии артиши Яман, қароргоҳҳои ҷангҷӯён дар вилояти Абён ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Шоҳидон мегӯянд, ки дасти кам ду мушак аз баҳр, шояд аз киштиҳои низомӣ, андохта шудааст.

Охири ҳафта артиши Яман низ ба мавқеъҳои «Ал-Қоида» ҳамла карда буд. Дар ин ҳамла 33 ҷангҷӯ ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG