Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз ҳалокати 16 сокини осоиштаи як деҳаи афғон аз дасти низомии амрикоӣ изҳори андӯҳи амиқ кард. Ӯ шоми гузашта дар тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Қарзай ба мардуми Афғонистон изҳори тасаллият кард ва изҳор намуд, ки Вошингтон барои таҳқиқи ҳарчӣ зудтари ин фоҷиа ҳама талошашро ба харҷ медиҳад.
Аз ин пеш низомиёни воломақоми НАТО ва сафорати ИМА дар Амрико ҳам изҳор карда буданд, ки муҷрими ин ҳодиса боздошт шудааст ва ҳатман муҷозот хоҳад шуд.
Ҳомиди Карзай қатли сокинони осоиштаи деҳаи Аликозайи улусволии Панҷвои Қандаҳорро ҳамлаи террористӣ ва нобахшиданӣ номид.
Як низомии амрикоӣ шабона аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар деҳаи Аликозай ҳамла кардааст. Аз тири ӯ, аз ҷумла, занону кӯдакон ҳам кушта шудаанд.