Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Аннан Димишқро тарк намуд


Кофӣ Аннан
Кофӣ Аннан
Кофӣ Аннан, фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар Сурия, баъди аз музокироти дурӯза ба раисиҷумҳур Башор Асад ва дигар раҳбараони воломақоми Сурия Димишқро тарк намуд.

Дар мавриди шартҳои хатми хушунат дар кишвар созиш ҳосил нашуд ва аммо Кофӣ Аннан дар мавриди ба даст омадани ин мувофиқа изҳори хушбинӣ кардааст.

Башор Асад дар мулоқот бо Аннан гуфт, Димишқ то замоне, ки дар кишвар гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ фаъолият доранд, бо мухолифин гуфтушунид нахоҳад кард.

Дар навбати худ мухолифин барои истеъфои Башор Асад пойфишорӣ доранд ва инро як шарти расидан ба сулҳу салоҳ дар Сурия мехонанд.

Бар пояи як хабари дигар аз Сурия, рӯзи якшанбе нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти низомӣ алайҳи дастаҳои мухолифин дар вилояти Идлибро идома доданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар бораи даҳҳо қурбониёни ин амалиёт хабар доданд ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тасдиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG