Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ҷангҷӯ дар амалиёте дар Доғистон


Шоми гузашта бар асари як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон, ду ҷангҷӯи мухолифи ҳукумат кушта шуданд.
Ба иттилои расмӣ, онҳоро дар як манзил дар ин шаҳр ошкор ва муҳосира карданд. Дар ҷавоб ба талаби таслимшавӣ ҷангҷӯён сӯи кормандони амниятӣ оташ кушоданд.

Яке аз кушташудагон Элдос Зулфиқоров, ба гуфтаи мақомоти қудратӣ, дар куштори чанд кормандони бахши Хадамоти федеролии амниятии Русия дар Доғистон даст дошт.

Дирӯз ҳамчунин дар ҷангалзори минтақаи Карабудахкенти Доғистон кормандони полис як қароргоҳи ҷангиёнро ошкор намуданд. Дар қароргоҳ касе набуд ва он тавассути таркиш нобуд сохта шуд.
XS
SM
MD
LG