Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти дувум Аннонро хушбинтар кардааст


Куфӣ Аннон (Акс аз бойгонӣ)

Куфӣ Аннон (Акс аз бойгонӣ)

Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Аннон гуфт, баъди дидори дувумаш бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад хушбин ҳаст, вале мефаҳмад, ки расидан ба сулҳ кори сода нест. Дирӯз Асад дар дидор бо Аннон ҳар навъ муколамаи сиёсиро то замони фаъолияти “гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ” радд карда буд. Бо ин ҳол, нирӯҳои Сурия ба амалиёт дар вилояти шимолии Идлиб идома медиҳанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои давлатӣ ба рустои Ҷиср-аш-Шуғур ҳамла овардаанд. Ба гуфтаи фаъолон, фақат дирӯз дар даргириҳои Идлиб дастикам 60 нафар кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, дар як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 7500 тан ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG