Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз бар асари таркиши маргталабона дар як маросими дафн бо ҳузури як сиёсатмадори зидди Толибон дар рустое дар канори Пешовар дастикам 15 нафар кушта ва то 30 тани дигар захмӣ шуданд. Доктор Раҳимҷон, мудири бемористони маҳаллӣ гуфт, 9 нафар дар ҷои таркиш ва 6 тани дигар дар бемористон даргузаштаанд. Пулиси Покистон гуфт, худи Хушдилхон аз ҳизби дунявигарои Авомӣ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст. Масъулияти ҳамларо Таҳрики Толибон ба дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG