Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори дувуми Аннон бо Асад дар Димишқ


Мулоқоти аввали Аннон бо Асад(10март)

Мулоқоти аввали Аннон бо Асад(10март)

Имрӯз дар Димишқ мулоқоти дувуми фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Аннон бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад доир шуд. Ҷузъиёти ин мулоқот ҳанӯз дастрас нашудааст, вале дирӯз Асад дар дидор бо Аннон ҳар навъ муколамаи сиёсиро то замони фаъолияти “гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ” радд кард. Бо ин ҳол, нирӯҳои Сурия ба амалиёт дар вилояти шимолии Идлиб идома медиҳанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои давлатӣ ба рустои Ҷиср-аш-Шуғур ҳамла овардаанд. Ба гуфтаи фаъолон, фақат дирӯз дар даргириҳои Идлиб дастикам 60 нафар кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, дар як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 7500 тан ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG