Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз мардум дар Ҷопон бо дуохониву лаҳзае хомӯшӣ аз солгарди нахустин тсунамӣ ва зилзилаи шадид дар ин кишвар ёд карданд.

Бар асари он офоти табиӣ беш аз 19000 нафар ҳалок шуданд ва нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима дучори садамае шуд, ки бадтарин фалокати ҳастаӣ дар дунё аз замони садамаи соли 1986-и нирӯгоҳи ҳастаи Чернобил дониста мешавад.

Дар театри миллӣ дар Токио садҳо нафар, бо шумули император Акиҳито, малика Мичико ва сарвазири Ҷопон Ёшиҳико Нода, ҳама либоси сиёҳ дар тан, ба ёди қурбони он фоҷиа як дақиқа хомӯш истоданд. Ёшиҳико Нода гуфт, мардуми Ҷопон дар гузашта чандин офатро пушти сар гузоштанд ва манотиқи атрофи нирӯгоҳи Фукушима ҳатман дубора обод хоҳад шуд. Садҳо нафар, ҳамин тавр, дар соҳилҳои баҳрии Фукушима дар шаҳри Ивакӣ ба ёди дӯстону пайвандони дар тсунамӣ ва зилзилаи соли гузашта бойдодаи худ як лаҳза хомӯш истоданд.

Катсуко Ишиӣ, яке аз ширкатдорони ин маросим гуфт, ки то ҳол наметавонад ба манзилаш дар шаҳри Намие баргардад: “Манзили ман дар шаҳри Намие мебошад ва ман наметавонам ба онҷо баргардам. Ростӣ, мо ягон аломати хубе барои оянда дар воқеъ намебинем.”

Дар бандари Офунато низ садҳо нафар ба ёди 420 сокини ин шаҳр, ки дар он ду офати пайиҳам бенишон шуданд, либосҳои сиёҳ дар тану гулҳои сафеди довудӣ дар даст дар назди шаҳрдорӣ ҷамъ шудаанд.

Катсуко Норӣ, як сокини Офунато гуфт, дар он фоҷиа дӯсти хубашро аз даст додааст: “Ин як соли дар воқеъ сахте буд. Ман имрӯз ба инҷо омадам, то сари таъзим фурӯ оварда, дуо кунам, ки азоби ҳамаи мо каме осонтар шавад.”

Дар пайи тсунамӣ ва зилзилаи 11 марти соли 2011 ҳудуди 326 000 нафар манзилҳои худро дар манотиқи офатзада тарк карданд ва як сол боз дар манзилҳои муваққат ё ҳамроҳ бо хешовандони худ ба сар мебаранд. 80 000 нафар аз ин шумор сокинони манотиқи атрофи нирӯгоҳи Фукушима мебошанд. Сукунат дар 20 километр давру бари ин нирӯгоҳи осебдида то ҳол маҳдуд боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG