Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии мухолифин дар интихоботи Словакия


Роберт Фитсо

Роберт Фитсо

Бар асоси шумориши тақрибан қариб 98 фоизи оро, дар интихоботи парлумони Словакия мухолифини чапгаро ғолиб мешаванд. Идораи омор хабар дод, ки ҳизби сотсиал-демократи сарвазири собиқ Роберт Фитсо 44,8 фоиз раъй гирифта, 84 курсӣ аз 150 чавкии парлумонро ба даст меорад. Касби аксарияти курсиҳои маҷлис ба Фитсо имкон медиҳад, ба танҳоӣ ташкили ҳукумат кунад. Интихоботи Словакия дар пасманзари нашри гузоришҳои идороти амниятӣ пиромуни мавридҳои фасод дар раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ доир шуд, ки ба обрӯи эътилофи ҳоким латма зад.
XS
SM
MD
LG