Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тармаи Бадахшон 156 кас бенишон шудаанд


Дафтари ҳамоҳангсози ёриҳои башарии СММ дар Афғонистон гуфт, бар асари тармаи ҳафтаи гузашта дар як рустои дурдасти вилояти Бадахшон дастикам 145 нафар бенишон шуда, “ғолибан ҷон бохтаанд.” Мақомоти афғон қаблан гуфта буданд, ки шумори таъйидшудаи қурбониёни тарма дар улусволии Шекай ба 56 нафар расидааст. Бадахшони Афғонистон имсол дучори барфрезиҳову тармаҳои шадиде шуд, ки боиси баста шудани роҳҳо ва дар инзивоъ қарор гирифтани бахши бузурге аз рустоҳо дар ин кӯҳистон шудааст.
XS
SM
MD
LG