Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи як сарбози амрикоӣ ба издиҳом дар Қандаҳор


Мақомоти афғон мегӯянд, соати тақрибан сеи шаби гузашта як сарбози амрикоӣ аз пойгоҳаш дар вилояти Қандаҳор берун рафта, дастикам 15 нафарро кушта ё захмӣ кардааст. Ҷовидаҳмади Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ин ҳодиса дар рустоҳои Аликозава Гарданайи улусволии Панҷвоӣ рух додааст. НАТО дар баёнияаш гуфт, “як маъмури Амрико дар иртикоби ин ҳодиса, ки мунҷар ба қурбон шудани афғонҳо дар вилояти Қандаҳор шуд, боздошт шудааст.”
Як ҳайъати иборат аз намояндагони идороти амниятии вилояти Қандаҳор ва нирӯҳои ISAF ба хотири таҳқиқи қазия ба улусволии Панҷвоӣ рафтааст.
Бо ин ҳол, Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, дар байни қурбониён занон ҳам ҳастанд, вале инки ғарази ҳамла чӣ буда ва бар асари он чанд нафар захмиву чанд тан шаҳид шудаанд, фақат баъди анҷоми таҳқиқоти ин ҳайъати эъзомӣ дақиқ хоҳад шуд.
Як узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор, ки бо сокинони рустоҳои ҳамлашуда дар тамос будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти ӯ, 17 нафар ҳадафи тири ин сарбози амрикоӣ қарор гирифтаанд. Вале ӯ ҳам гуфт, ҳанӯз дақиқ намедонад, ки чанд нафар аз ин шумор кушта шудаанд.
Қандаҳор аз пойгоҳҳои ҷунбиши чирикии Толибон дар ҷануби Афғонистон маҳсуб мешавад, вале сухангӯи волии Қандаҳор Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, аҳли ду қарияе ки ҳадафи ҳамлаи сарбози амрикоӣ қарор гирифтанд, рабте ба чирикиҳо надоштанд.
XS
SM
MD
LG