Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди аввали тсунамӣ ва зилзилаи Ҷопон


Имрӯз дар Ҷопон аз солгарди нахустин тсунамӣ ва зилзилаи шадиде ёд карданд, ки беш аз 19000 кушта ба ҷо гузошт ва ҳам мунҷар ба садамаи нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима шуд. Дар театри миллӣ дар Токио садҳо нафар, бо шумули малику малика ва сарвазири Ҷопон, ҳама либоси сиёҳ дар тан, ба ёди қурбони он фоҷиа як дақиқа хомӯш шуданд. Сарвазир Ёшиҳико Нода гуфт, мардуми Ҷопон дар гузашта чандин офатро пушти сар гузоштаанд манотиқи атрофи нирӯгоҳи Фукушима ҳатман дубора обод хоҳад шуд. Дар пайи он фоҷиа ҳудуди 100 000 нафар як сол боз дар манзилҳои муваққат ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG