Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бо гузашти қариб 2 рӯз аз дубора боз кардани “Фейсбук” дар Тоҷикистон, 4 сомонаи дигари интернетии баробар бо ин шабакаи иҷтимоӣ масдудшуда то ҳол боз нашудаанд. Ба гуфтаи корбарон, сомонаҳои maxala.org, zvezda.ru, tjknews.com ва centrasia.ru то ҳол дастнорас боқӣ мемонанд. Дастрасӣ ба ин 5 сомона аз 3 март, бар пояи як номаи раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, ки дар он “бинобар гузарондани корҳои профилактикӣ” қатъ кардани дастрасӣ ба ин сомонаҳо “хоҳиш” мешуд, қатъ карда шуд. Душанбе таҳти фишори байналмилалӣ аз шоми ҷумъа “Фейсбук”-ро боз кард, вале 4 сомонаи дигар таҳти таҳримот боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG