Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 тепловози нав барои роҳи оҳани Тоҷикистон


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран аз Қазоқистон 6 қаторбар(тепловоз)-и нав харид, ки нархи ҳар кадомаш 4,6 миллион доллар ва мӯҳлати истифодаашон 40 сол будааст. Дар маҷмӯъ, барои 6 қаторбари ҷадиди навъи ТЭ33А “Evolution”, ки бо рангҳои парчами миллии Тоҷикистон зиннат дода шудаанд, беш аз 27 миллион доллар масраф шуда, ду қаторбар алакай дар поёни моҳи феврал ба Душанбе расидаанд. Дар 50 соли охир, яъне аз соли 1962 ба ин сӯ, Тоҷикистон бори аввал ба харидории қаторбарҳои ҷадид иқдом кардааст.
XS
SM
MD
LG