Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 33 ҷангии Ал-Қоида дар ҷануби Яман


Мақомоти Яман мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби кишвар дастикам 33 ҷангии Ал-Қоида кушта шуданд. Мақомот бидуни бурдани ном гуфтаанд, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Байда 27 кушта ва 55 захмӣ ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи сокинон, шоми ҷумъа ба чанд мавзеъ дар ин вилоят тавассути ҳавопаймоҳои Амрико ҳамла овардаанд. Аммо дахолати нирӯҳои Амрико дар ин амалиёт ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Мавҷи дувуми ҳамалот рӯзи ҷумъа аз сӯи нирӯҳои Яман алайҳи сангарҳои Ал-Қоида дар Ҷаъор мунҷар ба ҳалокати 6 ҷангӣ шуд. Ҷаъор дар 12-километрии Зинҷибар, шаҳре дар ҷануби Яман аст, ки таҳти назорати ҷангиён қарор дорад. Рӯзи 4 март бар асари ҳамлаи Ал-Қоида ба як урдугоҳи артиши Яман дар вилояти Абён 185 сарбоз кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG