Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Башор Асад бо Куфӣ Аннон


Куфӣ Аннон
Куфӣ Аннон
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба Куфӣ Аннон – фиристодаи СММ ва Лигаи Араб – гуфт, давлаташ ба “ҳамагуна талоши савоб” барои қатъи хушунат омода ҳаст, вале “террористҳо”-ро айбдор кард, ки ба ин монеъ мешаванд. Асад гуфтааст, муколамаи сиёсӣ комёб намешавад, “агар гурӯҳҳои террористӣ амал кунанд ва тухми беназмиву бесуботӣ бикоранд.”
Рӯзи 10 март вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ дар нишасти вузарои хориҷаи Лигаи Араб вазъи Сурияро баҳс карда, гуфтааст, Маскав “аз ягон режим ҳимоят намекунад.” Бо ин ҳол, ба гуфтаи мухолифон, рӯзи шанбе дар Сурия дастикам 12 тани дигар кушта шуд. Ба ҳисоби СММ, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 7500 кас ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG