Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи нави боздоштҳо дар чанд шаҳри Русия


Раҳпаймоии навбатии мухолифин дар майдони Новий Арбати Маскав рӯзи 10 март 3 соат идома ёфт ва бино ба ҳисобҳо, аз 10 000 то 30 00 нафарро гирди ҳам овард. Дар ин тазоҳурот бори дигар дар бораи тахаллуфоти фаровон дар интихоботи 4 марти раёсатҷумҳурии Русия, ки Владимир Путинро ба даври севуми раёсат расонд, ҳарф зада, боз ҳам талаби баргузории интихоботи навро пеш гузоштанд. Раҳбари мухолифин Владимир Рижков дар тазоҳуроти Новий Арбат интихоботи ахирро “ғайриқонунӣ” номид ва гуфт, “мо ҳамчунон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва интихоботи навро талаб хоҳем кард.”
Григорий Мелконянтс аз гурӯҳи “Голос” гуфт, барои таҳқиқи тахаллуфоти интихоботӣ як гурӯҳи ҳуқуқдонҳо ташкил шудааст.
Талаби дигар дар ин тазоҳурот раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва қатъи таъқиби афрод бо далоили сиёсӣ буд.
Дар ин рӯз ҳузури пулис дар Новий Арбат ва кӯчаву хиёбонҳои атрофи он тақвият ёфта буд ва пулис аз қабл хабар дода буд, ки барои таъмини тартибот то 2 500 нафарро басиҷ мекунад. Бо ин ҳол, раҳпаймоии рӯзи 10 март низ силсилаи боздоштҳои навро ба дунбол доштааст. Раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсовро, ки баъди эътирози рӯзи 5 март низ дастгир шуда буд, инбор ҳамроҳ бо ҷамъе аз тарафдоронаш дар роҳ ба сӯи гулгашти Тверской боздошт карданд. Пулис ҳаракати онҳоро ҳамчун раҳпаймоии ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст.
Пулиси Маскав ҳамчунин аз боздошти 25 қавмгаро дар майдони назди вокзали Киев ва пешгирӣ шудани талоши гурӯҳҳои қавмгаро барои баргузории тазоҳурот дар Старий Арбат хабар дод. Раҳбари Ҷунбиши “Русские” Дмитрий Демушкин шумори қавмгароҳои дастгиршуда дар вокзали Киев ва Старий Арбатро то 50 нафар баршумурд.
Хабарҳои расида аз Русия ҳамчунин ҳокии боздошти даҳҳо нафар аз аҳли як тазоҳуроти бидуни иҷозат дар шаҳри Нижний Новгород ва то 40 эътирозгари дигар дар Санкт-Петербург аст, ки мехостанд, дар майдони Восстание гирди ҳам биоянд. Ҳарду тазоҳурот таҳти шиорҳои “Барои интихоботи мунсифона” ва “Раҳоии маҳбусони сиёсӣ” даъват шуда буд.
Тазоҳуроти қаблии мухолифини Русия дар таърихи 5 март бо боздошти беш аз 200 тан аз эътирозгарон анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG