Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наталя Соколоваро шартан озод карданд


Наталя Соколова
Наталя Соколова

Вакили мудофеъ ва раҳбари собиқи иттифоқи касабаи “Қараҷонбасмунай” шартан аз зиндон озод гардидааст.

Соколова, раҳбари собиқи иттифоқи касабаи “Қараҷонбасмунай” - яке аз корхонаҳои марбут ба ширкати давлатии нафти “Қазмунайгаз” - дар моҳи августи соли 2011 бо ҷурми “таҳрики адовати иҷтимоӣ” ва “нақзи тартиби баргузории тазоҳурот” ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳукми ӯро ба корпартоии коргарони ширкат дар вилояти Мангистав иртибот медиҳанд. Наталя Соколоваро рӯзи 25-уми май, маҳз дар пайи оғози корпартоии коргарони нафт дар ин вилоят боздошт карданд.

Корпартоии коргарони нафт дар шаҳрҳои Оқтав ва Жанаозен бо талаби маошу шароити хубтари кор қариб 7 моҳ идома ёфт ва рӯзи 16-уми декабр бо даргириҳо бо нерӯҳои пулис дар шаҳри Жанаозен анҷом ёфт. Дар Жанаозен камаш 16 нафар кушта шуданд. Яке аз талабҳои эътирозгарон раҳоии Наталя Соколова аз зиндон буд.

Дар пайи он ҳаводиси хунин шаҳрдори Жанаозен, волии вилояти Мангистав ва ҳам Темур Қулибоев - домоди раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - аз симати раҳбарии ширкати “Қазмунайгаз” барканор шуданд.

Хонум Соколова, ки баъди 9 моҳ аз маҳбас раҳо ёфт, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии Қазоқистон ҳукми ӯро аз 6 соли зиндон ба 3 соли зиндони шартӣ иваз кардааст. Дар моҳи феврал мақомоти қазоқ фаъоли ҳуқуқи башар Евгений Жовтис ва хабарнигор Тоқниёз Кучуковро, ки ҳанӯз дар соли 2009 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд, бар асоси қонуни авф аз маҳбас раҳо кард.
XS
SM
MD
LG