Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Наталя Соколова аз зиндон


Вакили мудофеъ ва фаъоли қазоқ Наталя Соколова шартан аз зиндон раҳо шудааст. Соколова – раҳбари собиқи иттифоқи касабаи ширкати нафти “Қазмунайгаз” дар моҳи августи соли 2011 бо ҷурми “таҳрики адовати иҷтимоӣ” ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми ӯро ба корпартоии коргарони ширкат дар вилояти Мангистав иртибот медиҳанд. Рӯзи 16 декабр дар даргириҳо байни коргарони нафт ва нирӯҳои пулис дар шаҳри Жанаозен дастикам 16 нафар кушта шуданд. Яке аз талабҳои эътирози Жанаозен раҳоии Наталя Соколова аз зиндон буд.
Хонум Соколова рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии Қазоқистон ҳукми ӯро аз 6 соли зиндон ба 3 соли зиндони шартӣ иваз кардааст.
Дар моҳи феврал мақомоти қазоқ фаъоли ҳуқуқи башар Евгений Жовтис ва хабарнигор Тоқниёз Кучуковро, ки ҳанӯз дар соли 2009 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд, бар асоси қонуни авф аз маҳбас раҳо кард.
XS
SM
MD
LG