Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони бекорӣ дар Амрико 8,3 фоиз боқӣ мондааст


Вазорати кори Амрико гуфт, мизони бекорӣ дар ин кишвар дар моҳи феврал дар ҳадди 8,3 фоиз боқӣ монд. Ин пойинтарин мизони бекорӣ дар Амрико дар 3 соли охир буда, баъди уфти пайваста дар 5 моҳи қаблӣ ба даст омадааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама инро ба маънои бозгашти кишвараш тавсиф кард. Буҳрони иқтисодӣ аз мавзӯъҳои умдаи корзори интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрикост, ки дар он ҷумҳурихоҳон талош доранд, аз даст ёфтани Обама ба даври дувуми чорсолаи раёсат пешгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG