Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Касри рекордии тиҷорати хориҷии Чин


Омори гумрукӣ ҳокист, ки касри тиҷорати хориҷии Чин дар моҳи феврал ба иллати афзоиши нархи нафт 31,48 миллиард долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки таносуби байни содирот ва воридоти Чин дар моҳи январ мусбат ва 27,28 миллиард доллар буд. Аммо дар моҳи феврал «фабрикаи ҷаҳонӣ» ба хориҷ ба маблағи 114,47 миллиард доллар мол фурӯхта, воридоташ баръакс зери 40 дарсад афзуд ва ба 146 миллиард доллар наздик шуд. Ин бузургтарин касри тиҷорати Чин дар дастикам 12 соли охир шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG