Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 10 фаластинӣ дар Ғаза


Бозмондаҳои мошини Зуҳайр Қайсӣ баъди ҳамлаи Исроил
Бозмондаҳои мошини Зуҳайр Қайсӣ баъди ҳамлаи Исроил
Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Ғаза дастикам 10 фаластинӣ, бо шумули як раҳбари аршади ҷангиён, кушта шуданд. Исроилиҳо мегӯянд, Зуҳайр Қайсӣ, дабири кулли Кумитаҳои муқовимати мардум, ба ин далел ки ҳамлаи наве таҳия мекард, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамроҳ бо Қайсӣ як ҷангии дигар низ кушта шуд. Гурӯҳи исломгарои Ҳамос, ки назорати сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро дар даст дорад, гуфт, дар ҳамлаҳои ахир боз дастикам 8 кас ҷон бохтанд. Амалиёти Исроил дар паи партоби даҳҳо мушаку хумпора ба ҷануби он кишвар аз сӯи фаластиниҳо сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG