Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифин дар Маскав оғоз ёфт


Рӯзи 10 март ҳазорон нафар дар майдони Новий Арбати Маскав гирди ҳам омаданд. Ин раҳпаймоии навбатии мухолифини Русия алайҳи натоиҷи интихоботи 4 март аст, ки Владимир Путинро ба даври севуми раёсат расонд. Ҳавои Маскав сард, вале офтобист ва ҳузури пулис низ дар маҳалли баргузории тазоҳурот тақвият ёфта, вазъро аз осмон низ дастикам як чархбол назорат мекунад. Путин дар интихоботи 4 март бо касби 63 дарсади оро ғолиб омад, вале нозирони хориҷӣ гуфтанд, ки натоиҷи интихобот ба таври ошкор ба фоидаи сарвазири феълии Русия тахаллуф шуда буд. Раҳбари мухолифин Владимир Рижков дар тазоҳуроти Новий Арбат интихоботи ахирро “ғайриқонунӣ” номид ва гуфт, “мо ҳамчунон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва интихоботи навро талаб хоҳем кард.”
Пулис қаблан гуфта буд, ки барои таъмини тартибот дар ҷараёни раҳпаймоӣ то 2500 афсари пулис басиҷ хоҳанд шуд. Тазоҳуроти қаблии мухолифини Русия дар таърихи 5 март бо боздошти беш аз 200 тан аз эътирозгарон анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG