Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоргонаи сулҳи Ховари Миёна 13 март гирд меояд


Бан Ки Мун зимни боздиди ахираш аз Исроил ( Акс аз 2 феврал)
Бан Ки Мун зимни боздиди ахираш аз Исроил ( Акс аз 2 феврал)
СММ гуфт, чоргонаи сулҳи Ховари Миёна, ки СММ, ИА ва Амрикову Русияро дар бар мегирад, рӯзи душанбе масоили музокироти сулҳи хеле боз мунҷамидшуда байни Исроилу фаластиниҳоро баҳс хоҳад кард. Қарор аст, дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мулоқот кунад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон тавассути тамоси видеоӣ ба ин баҳс ҳамроҳ хоҳад шуд. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ин чоргона кадом изҳороте барои ташвиқи раванди сулҳи Ховари Миёна нашр хоҳад кард ё хайр.
XS
SM
MD
LG