Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Иди матбуот


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти тантанавӣ ба муносибати 100-солагии матбуоти миллӣ гуфт, баҳсҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир бояд аз ин ба баъд дар чорчӯби Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд, на тибқи Кодекси ҷиноӣ. Оқои Раҳмон ҳамчунин хостори таъсиси ҷоизаҳои вижаи давлатӣ ба номи Садриддини Айнӣ барои хабарнигорон шуд. Ӯ афзуд, фурсати сохтани Академияи радио ва телевизион низ расидааст. Эмомалӣ Раҳмон барои нахустин бор дар таҷлил аз Иди матбуоти тоҷик ширкат кард. 11 март ба далели таърихи нашри нахустин шумораи “Бухорои шариф” – нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ – Рӯзи матбуот пазируфта шудааст. Шумораи аввали “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912 чоп шуда буд.
XS
SM
MD
LG