Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот -- охирин зинаи додхоҳии мардум


Расонаҳои Тоҷикистон охирин зинае шудаанд, ки як нафари тариқи зинаҳои қонунӣ ба адолат нарасида, ба онҳо муроҷиат мекунад.

Самеъуллоҳ, сокини Ҳисор, ки як баҳси моликияташро дар додгоҳҳо натавонист ҳал намояд, аз ин хотир, дар як нашрия матлаберо ҳам ба нашр расонд, то таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб кунад. Аммо аз он замон муддати тӯлонӣ гузаштаву ӯ аз баҳри баҳсу ҳалли мушкилаш ҳам баромадааст.

Вай мегӯяд, "мақоларо дар нашрия чоп кардам, ба умеде, ки масъулон мехонанду масъалаи маро баррасӣ мекунанд. Чанд моҳ гузашт. Фақат як бор як нафар аз ноҳия омад ва ҳамроҳи ман сӯҳбат кард. Бо ҳамин касе маро ба ҷое даъват накард. Ман ҳам аз баҳри даъвоҳоям гузаштам."

Муроҷиат ба нашрия ва матраҳ кардани мушкили худ танҳо ҷузъи қиссаи дурударози Самеъуллоҳ нест. Ҳар ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе чандин мақолаи афроди норозӣ аз қарори додгоҳҳо ё як-ду муроҷиат ба президенти Тоҷикистон нашр мешаванд. Аз сӯи дигар, ин намунаи кӯшишҳои мардум барои барқарор кардани адолат тариқи матбуот ба унвони охирин зинаи додхоҳӣ ба нашр мерасанд. Бар асоси қарори вижаи ҳукумати Тоҷикистон матолиби баҳсбарангези матбуот бояд ба баррасӣ гирифта шаванд, аммо ба монанди Самеъуллоҳ на ҳама ба ҳалли мушкили худ даст меёбанд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, рӯ овардани мардум ба расонаҳо як гуна таваккал аст: "Ба ғайр аз худро таскин додан ё шикояти худро ба мардум расондан, илоҷи дигар наёфтаанд. Яъне чун мақомоти болоиву поёнӣ ба дарди мардум кам мерасанд ё умуман намерасанд, мардум рӯ ба расонаҳо меоранд."

Коршиносон мегӯянд, матбуот гӯё озодии суханро барои як шаҳрванди Тоҷикистон таъмин мекунад, аммо мусоидати он ба барқарор шудани адолат мавзӯи дигар аст. Ба қавли онҳо, ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла додгоҳҳо умдатан дар ҳоле ин матолибро ба баррасӣ мегиранд, ки аз дастгоҳи раисиҷумҳур дастур мегиранд.

Як масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, агар ҳамаи муроҷиату матолиби шикоятии рӯзномаҳо ба баррасӣ гирифта шаванд, магар ин ки додгоҳҳо ё ягон ниҳоди дигар фақат ба ҷавобнависӣ машғул гарданд.

Аммо ҳамсӯҳбати мо Самеъуллоҳ мегӯяд, ягон зинаи додгоҳ ӯро қаноат дода натавонистааст ва ҳоло ҳам азоби виҷдон мекашад, ки чаро алайҳи ҳамчунин беадолатӣ сурат гирифтааст.

Ҷамшед Муқимов, коршинос дар умури матбуот, мегӯяд, рисолати расона мусоидат ба барқарории адолату ҳақиқат аст, аммо расонаҳои Тоҷикистон маъмулан як маводро нашр карда, аз пайи он намешаванд ва ё бо гирифтани посухе аз мақомот дигар хомӯш менишинанд: "Барои он ки намехоҳанд сари худ ягон ҷанҷол хезонанд. Ин воқеият аст, ки ҳоло матбуот ҳам тиҷорат шудааст. Онҳое, ки нашрияву радиову телевизион доранд, мехоҳанд даромад ба даст оранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки муносибаташонро бо ҳукумат бад кунанд."

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо мо иддае аз сарварони расонаҳо гуфтанд, ки бархе аз матолиби онҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахл баррасӣ шуда, ҳақ ба ҳақдор расидааст. Вале коршиносон мегӯянд, асосан даъвоҳои хурду реза шояд бозбинӣ шуда, ҳалли мусбати худро ёбанд. Ба қавли онҳо, то замоне ки тамоми мақомот вазифаи худро дуруст анҷом намедиҳанд ва даст ба фасоду дигар қонунвайронкуниҳо мезананд, мардум боз дари расонаҳоро хоҳанд кӯфт.
XS
SM
MD
LG