Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаии Ҷоми Федератсияи футбол


Чаҳор дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳ ёфт.

Нахуст дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳашт даста дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе дар ду гурӯҳ рақобат кард.

Аз гурӯҳи “А” тимҳои «Хайр» (Ваҳдат) ва «Равшан» (Кӯлоб), аз гурӯҳи “Б” дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва ССКА “Помир” (Душанбе),
ки ҷойҳои якуму дувумро касб карданд, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 11-уми март дар варзишгоҳи “Автомобилист” дастаи “Хайр” бо тими ССКА “Помир” ва дастаи “Регар-ТадАЗ” бо тими “Равшан” қувваозмоӣ мекунанд.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Натоиҷи бозиҳо:

Даври 1-ум
5-уми март (душанбе
)
«Равшан» - «Шодмон» - 3:0
ССКА «Помир» - «Вахш» - 0:0
«Гвардия» - «Хайр» - 4:3
6-уми март (сешанбе)
«Қайроққум» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Даври 2-юм
7-уми март (чоршанбе)

«Хайр» - «Равшан» - 1:0
«Шодмон» - «Гвардия» - 2:1
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 4:2
«Вахш» - «Қайроққум» - 3:1

Даври 3-юм
9-уми март (ҷумъа)

«Гвардия» - «Равшан» - 1:3
«Хайр» - «Шодмон» - 4:1
«Қайроққум» - ССКА «Помир» - 1:3
«Регар-ТадАЗ» - «Вахш» - 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал:

Гурӯҳи “А”
Б Ғ М Б Т И
1. “Хайр” 3 2 0 1 8-5 6
2. “Равшан” 3 2 0 1 6-2 6
3. “Шодмон” 3 1 0 2 3-8 3
4. “Гвардия” 3 1 0 2 6-8 3
Гурӯҳи “В”
Б Ғ М Б Т И
1. “Регар-ТадАЗ” 3 3 0 0 9-2 9
2. ССКА “Помир” 3 1 1 1 5-5 4
3. “Вахш” 3 1 1 1 3-3 4
4. “Қайроққум” 3 0 0 3 2-9 0

Тақвими бозиҳо:
11-уми март (якшанбе)
Даври ниманиҳоӣ
10.00. “Хайр” - ССКА “Помир”
12.30. “Регар-ТадАЗ”- “Равшан”

13-уми март (сешанбе)
10.00. Бозӣ барои ҷойи 3-юм
12.30. Бозии ниҳоӣ
XS
SM
MD
LG