Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия аз Клинтон


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия ҳарфҳои Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрикоро дар он бора, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия Путин ғолиби бечунучаро буд, “таҳқиромез” номиданд.

Дар изҳороте бо имзои Людмила Алекссева, Лев Пономарев, Валерий Боршов ва Олег Орлов гуфта шудааст, суханони хонум Клинтон дар ҳоле интишор ёфтанд, ки ҳар рӯз далелҳои нав ба нави тақуллуби оммавии натоиҷи раъйдиҳӣ дар интихобот ошкор мешавад. “Изҳороти Ҳилларӣ Клинтонро, аз нигоҳи мо, ба ҷуз таҳқири афроде, ки барои интихоботи озод дар Русия мубориза мебаранд, наметавон ташреҳ кард”,-навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 4 март, бар пояи иттилои расмӣ, Владимир Путин бо дарёфти беш аз 63 дар сади раъйҳо пирӯз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG