Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Сурия даъвати Кофӣ Аннанро рад карданд


Дар Димишқ ҳангоми саркӯбии намоиши эътирозӣ аз сӯи кормандони амниятии Сурия як сокини осоишта ба ҳалокат расид. Мухолифини ҳукумати Башор Асад аз мардум даъват карда буданд, ки баъд аз намози ҷумъа дар намоишҳои эътирозӣ гирди ҳам оянд.

Рӯзи ҷумъа Бурҳон Галиён, раиси Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумат, даъвати Кофӣ Аннан, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб оид ба Сурия, дар бораи гуфтушуниди миёни ҳукумату мухолифинро рад кард ва гуфт, ки бидуни фишори низомӣ ба ҳукумати Башор Асад дастрасӣ ба созиши сиёсӣ ғайримумкин аст. Кофӣ Аннан рӯзи панҷшанбе хостори ҳалли дипломатии ин низоъ шуда ва аз паёмадҳои ногувори интиқоли силоҳ ба ошӯбгарони суриягӣ ҳушдор дода буд. Ба гуфтаи ӯ, мусаллаҳсозии мухолифин вазъро печидатар месозад.

Аз субҳи рӯзи ҷумъа дар минтақаи Ҳумси Сурия даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни ҷониюи мухолифин гузашта дубора шурӯъ шуданд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, задухӯрдҳо дар канори шаҳрҳои Ростон ва Ал-Қусайр идома доранд.

Ба иттилои СММ, дар як соли хушунатҳо дар Сурия беш аз ҳафту ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG