Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдич қабл аз вақт маҳбасро тарк намуд


Фикрат Абдич дар ҷамъи ҷонибдоронаш баъди раҳоӣ аз маҳбас
Фикрат Абдич дар ҷамъи ҷонибдоронаш баъди раҳоӣ аз маҳбас
Додгоҳи шаҳри Пулаи Хорватия сиёсатмадор ва фармондеҳи собиқи Боснӣ Фикрат Абдичро, ки дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар Боснӣ дар солҳои 1992-1995 муттаҳам шудааст, қабл аз вақт аз маҳбас раҳо кард.

Тақрибан се ҳазор ҷонибдорони Абдич дар канори бинои додгоҳ ҷамъ омада, аз ӯ истиқбол намуданд.

Фикрат Абдич соли 2003 бо иттиҳоми даст доштан дар боздошту кушторҳо дар замони ҷанг ба 20 соли маҳбас маҳкум шуда буд ва аммо баъдан додгоҳи Хорватия ҳукми ҳабси ӯро то 15 сол коҳиш дод.Замони даргириҳо дар Боснӣ Абдич муқобили ҳукумати вақти кишвар бархоста дар шимолу ғарб минтақаи мухтори “Боснияи ғарбӣ”-ро ташкил карда буд.
XS
SM
MD
LG